Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зарбаи Русия се сарбози украинӣ кушта шудаанд


Бинои харобшудаи зиндон дар деҳаи Биленке дар вилояти Запорожйе.
Бинои харобшудаи зиндон дар деҳаи Биленке дар вилояти Запорожйе.

Артиши Украина гуфт, дар натиҷаи зарбаи мушакии нерӯҳои Русия ба як тамрингоҳи низомӣ 3 сарбоз кушта ва 18 тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар баёнияи дафтари матбуоти неруҳои мусаллаҳи Украина, ки дар Телеграм нашр шуд, маҳалли ҳамларо нагуфта, вале афзудаанд: “Душман ба ҳудуди як маркази тамринии воҳидҳои заминии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина зарба зад. Бо вуҷуди андешидани чораҳо, мутаасифона пешгирӣ аз талафот дар байни сарбозон имконнопазир буд.”

Як кумиссиёни махсуси Идораи назорат бар қонун ва тартибот дар артиши Украина ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Дар баёнияи дафтари матбуот омадааст: “Агар маълум шавад, ғафлат ва ё бемасъулиятии мақомот сабаби маргу захмӣ шудани сарбозон шуда бошад, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.”

Дар моҳҳои гузашта, нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳамлаҳоро ба тамрингоҳҳои низомии нерӯҳои заминии Украина зиёд кардаанд. Аз ҷумла, рӯзи 22-уми июн дар натиҷаи яке аз ин гуна ҳамлаҳо се нафар кушта ва 14 каси дигар захмӣ шуданд.

Дар мавҷи тозаи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподҳои Русия дар шаби 28 ва 29-уми июл дар саросари Украина бештар аз 20 нафар ҷон додаанд ва даҳҳо тани дигар захм бардоштаанд.

Чанд соат пештар аз ин Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, мӯҳлати таъйиншуда барои созиши оташбас бо Украинаро, ки ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дода буд, то 10-12 рӯз кам мекунад. Доналд Трамп қаблан аз Маскав хоста буд, дар муддати 50 рӯз бо Украина созиши сулҳ бандад, вагарна таҳти таҳримоти сахттаре қарор мегирад ва ҳам аз кишварҳое, ки нафту гази Русияро мехаранд, боҷи иловагӣ меситонад.

Ҳукумати Русия ба ин гуфта вокуниши ошкор нишон надодааст, вале Дмитрий Медведев, муовини дабири Шӯрои амнияти миллии Русия рӯзи 29-уми июл гуфт, ки Трамп бояд “зарбулаҷалбозӣ бо Русияро” бас кунад.

Рӯзи 29-уми июл дар натиҷаи зарбаи як мушаки ҳидоятшавандаи Русия ба зиндоне дар деҳаи Биленке дар вилояти Запорожйе қисме аз бинои зиндон ва хонаҳои хусусии наздики он вайрон шуда ва дасти кам 17 нафар ҷон додаанд ва 82 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Иван Фёдоров, раиси идораи низомии вилояти Запорожйе гуфт, ки ин ҳамла яке аз ҳамлаҳои сахттарини Русия дар чанд моҳи гузашта ба ин вилоят будааст.

Нерӯҳои Русия ба шаҳраки Камянске дар вилояти Днепропетровск ҳам зарба задаанд, ки дар натиҷа чанд хона, аз ҷумла як таваллудхона осеб дидаанд. Ду ғайринизомӣ кушта шуда, панҷ тани дигар, аз ҷумла ду зан ва яке ҳам обистан захм бардоштаанд. Дар ҳамлаи дигаре ба ҳамин вилоят як каси дигар ҷон бохтааст.

Замоне, ки Украина дар сӯгвории ҷонбохтагон нишаста буд, нерӯҳои кишвар шаби 28 ба 29-уми июл ба чанде аз вилоятҳои Русия зарба заданд.
Нерӯҳои ҳавоии Украина гуфт, ки бо истифода аз паҳпод ва мушакҳо, ба таъсисоти низомӣ, пойгоҳҳо ва анборҳои маводи сӯхт дар Ростов, Курск ва Белгород зарба задааст.

Вазорати дифои Русия гуфт, 74 паҳподро дар фазои панҷ вилоят радёбӣ ва маҳв кардаанд. Дар шаҳри Салск дар вилояти Ростов, пораҳои паҳпод ба як истгоҳи роҳи оҳан афтодаанд, ки дар натиҷа як қатори боркаш оташ гирифта, ҳаракати қаторҳо халалдор шудааст.

Бо идомаи ҷанг, ки бештар аз се сол аз он мегузарад, мақомоти Украина ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ Русияро барои ҳадаф гирифтани зербунёдҳову муассисаҳои ғайринизомӣ танқид карда ва ин амалкардро ҷинояти ҷангӣ хондаанд. Бо вуҷуди далелҳои афзоянда дар ин бора, ҳукумати Русия мегӯяд, ки нерӯҳояш, ба иншооти ғайринизомӣ ҳадафмандона зарба намезананд.

XS
SM
MD
LG