Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 30-уми июл ба зидди як ширкати азими киштиронӣ, ки онро писари яке аз ёварони баландпояи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон мудирият мекунад, таҳрим ҷорӣ кард.
Ба гуфтаи вазорати молияи Амрико, таҳримот шомили 50 фарди шахси ҳақиқиву ниҳод ва “беш аз 50 киштиест, ки ба ширкати азими киштирониии таҳти назорати Муҳаммад Ҳусайн Шамхонӣ, писари Алӣ Шамхонӣ, ёвари баландпояи Хоманаӣ, тааллуқ доранд.”
Дар баёнияи вазорати молияи Амрико омадааст, Муҳаммад Ҳусайн Шамхонӣ “бо сӯистифода аз нуфузи сиёсии падараш дар болотарин сатҳи ҳукумати Эрон ва сипоҳи азиме аз новҳои нафткашӣ ва киштиҳои боркаш сохта, истифода мекунад.” Дар идомаи баёния гуфта мешавад: “Ин шабака нафт ва маҳсулоти нафтиро аз Эрон ва Русия ҳамроҳ бо дигар борҳо ба харидорон дар саросари ҷаҳон мерасонад ва даҳҳо миллиард доллар фоида мегирад.”
Скот Бессент, вазири молияи Амрико дар ин баёния гуфтааст: “Ширкати азими киштиронии хонаводаи Шамхонӣ намоёнгари он аст, ки чӣ гуна режими Эрон бо истифода аз мақомҳои худ, сарвати зиёде ба даст оварда ва амалкардҳои хатарноки онро сармоягузорӣ мекунад.”
Аввали ҳамин моҳ Иттиҳоди Аврупо ҳам Муҳаммад Ҳусайн Шамхонӣ ва ширкатҳои ӯро таҳти таҳрим қарор дод, зеро ба гуфтаи мақомоти иттиҳодия онҳо дар фурӯши нафт ва давр задани таҳримҳо бо Русия ҳамкорӣ мекунанд. Иттиҳоди Аврупо 350 киштиеро бахше аз сипоҳи ноаёни киштиҳое меномад, ки бовар меравад, бо давр задани таҳримҳо ба зидди Русия дар фурӯши нафти он кумак мекунанд.
Худи Алӣ Шамхониро, ки он замон адмирали Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ буд, Амрико соли 2020 барои амалкардҳояш таҳти таҳрим қарор дод. Ба гуфтаи вазорати молияи Амрико, дар маҷмуъ 115 фард, ниҳод ва киштиҳо таҳти таҳрим қарор гирифтаанд. Баъзе аз ин ширкатҳо дар Ҳонг Конг, Сингапур, Швейтсария ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва дигар кишварҳо ҷойгир будаанд.
Дар вокуниш ба таҳримоти нав, ки содироти газ ва нафти Эронро ҳадаф қарор додааст, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, “иқдоми шарирона бо ҳадафи осеб расондан ба рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардуми Эрон аст.”
Дар байнияи алоҳидае вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки ба зидди 20 ширкат, аз ҷумла дар Ҳинду Индонезия, Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барои даст доштанашон дар фурӯши маҳсулоти нафтии Эрон таҳрим ҷорӣ мекунад.
Тамми Брюс, сухангӯи вазорат гуфт, ки ҳадаф аз таҳримот “баҳам задани қудрати режими Эрон дар сармоягузории фаъолиятҳои бесуботкунандааш, аз ҷумла барномаҳои атомӣ, ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ва саркӯби мардуми худаш аст.”
Хабаргузории Ройтерс аз қавли як мақоми амрикоӣ навиштааст, ки таҳримоти нав фурӯши нафт барои Эронро “бисёр сахт” мекунад, вале ба бозори ҷаҳонии нафт таъсире нахоҳад гузошт. Ба гуфтаи ин мақом, содироти нафт аз Эрон, ки аввали сол 1 миллиону 800 ҳазор бӯшка дар як рӯзро ташкил медод, то кунун бар асари таҳримоти пешинаи амрикоӣ то ба 1 миллиону 200 ҳазор бӯшка дар рӯз кам шудааст.