Як муассисаи байналмилалии молӣ мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон соли гузашта ва имсол рушди қавие доштааст, вале идомаи ин раванди мусбат ба азми ҳукумат барои идомаи ислоҳот вобаста аст.
Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 30-уми июл бо нашри арзёбии тоза аз вазъи иқтисоди Тоҷикистон гуфт, ки рушди воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли гузашта 8.4 дар сад ва семоҳаи аввали имсол ба 8.2 дар сад расидааст. Омилҳое, ки ба бузургтар шудани иқтисод дар аввали имсол мусоидат кардаанд, хадамоти умумӣ ва саноат будаанд.
Дар ин гузориш саҳми пули муҳоҷирони кории тоҷикро ҳам дар пешбурди иқтисод ҳамчунон муҳим номидаанд, ки соли 2024 49 дар сади маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил додааст. Афзоиши пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ ва боло бурдани музди кормандони давлатӣ ба афзоиши тақозо ба молу мавод дар Тоҷикистон ва ҳамингуна ба пешрафти иқтисод мусоидат кардаанд.
Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон дар миёнамуддат мусбат боқӣ мемонад ва мумкин аст, рушди иқтисодӣ дар соли 2025 7 дар садро ташкил диҳад, вале дар солҳои 2026-2027 рӯ ба поён оварда ба 4.5 ё 5 дар сад бирасад. Чунин пешбинӣ бо такя ба интизорот аз идомаи омадани пули муҳоҷирони корӣ, норӯшаниҳо дар тиҷорати ҷаҳонӣ аст, ки ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ метавонад, занҷираи таъминот дар бозорҳои ҷаҳониро халалдор созад, талабот ба металлу маъдан ба ғайр аз тиллоро кам кунад.
Яке аз душвориҳое, ки мумкин аст, рушди иқтисоди Тоҷикистонро суст кунад, сиёсатҳои сахтгиронаи Русия нисбат ба муҳоҷирони корӣ аст, ки аз соли гузашта то кунун сабаби озору азияти муҳоҷирон, ихроҷи онҳо аз Русия ва ё баргаштани худи онҳо ба Тоҷикистон шудааст. Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ омадааст: “Сиёсати сахтгиронаи муҳоҷират ва маҳдудиятҳо барои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия сабаби хатари коҳиши чашмгири пулҳои интиқолии муҳоҷирон, коҳиши рушди иқтисод, камбизоатии зиёдтар... шавад.”
Бино ба оморҳои гуногун, як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва солона ба кишвар на камтар аз 3 миллиард доллар мефиристанд.
Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, нигаҳ доштани рушди қавии иқтисодии Тоҷикистон ба азми қавӣ ва ӯҳдадориҳои ҳукумати Тоҷикистон барои ислоҳот дар иқтисод вобаста аст. Яъне суръат бахшидан ба ислоҳот бо ҳадафи ҷалби бештари сармоягузории хусусӣ, аз қабили тақвияти чаҳорчӯби рақобат, содасозии расмиёти сармоягузорӣ ва беҳтар кардани ҳимояи ҳуқуқи сармоягузор, баланд бардоштани самаранокии кори давлат ва беҳбуди хизматрасониҳои давлатӣ.
Дар гузориш омадааст, Тоҷикистон инчунин метавонад, дар сурати рақамӣ кардани тиҷорат баҳраи зиёде аз он барад, вале айни замон ба камбудиҳои зиёде дар ин самт ишора мекунад. Аз ҷумла суръати сусти интенет, ки ба кори тақрибан нисфи нуқтаҳои гумрукӣ таъсир мерасонад. Мушкилоти зиёде дар тиҷорати онлайнӣ, муҳофизати додаҳо, меъёрҳои амниятӣ, интиқоли додаҳои фаромарзӣ ва кафолатҳои истеъмолкунандагон вуҷуд дорад.
Баҳром Зиёев, иқтисоддони аршади Бонки Ҷаҳонӣ ва яке аз муаллифони гузориш гуфтааст: «Тоҷикистон дар марҳилаи сарнавиштсози рушди иқтисодии худ қарор дорад ва табдили рақамии оқилона метавонад, дурнамои тиҷоратии онро барои солҳои оянда ба таври мусбат шакл диҳад. Бо афзалият додан ба ин ислоҳот, Тоҷикистон метавонад тиҷорат ва рақамисозии иқтисодро ба таври қобили мулоҳиза осон созад, рушди назарраси иқтисодӣ дошта бошад, ҷойҳои нави кории арзишманд офарад ва ҳамгироии худро ба иқтисоди рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тақвият диҳад.»
Дар гузориши бештар аз 30 саҳифаӣ тавсияҳои зиёде барои рафъи монеаҳои рушд ва пешрафти иқтисод ба ҳукумати Тоҷикистон дода шудааст. Бонки Ҷаҳонӣ, яке аз муассисаҳои байналмилалии молӣ аст, ки солҳои дароз ба Тоҷикистон дар ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷрои барномаҳои зиёде барои коҳиши камбизоатӣ кумак мекунад. Ин созмон ҳоло дар кишвар 26 тарҳи иқтисодиро ва бо арзиши 1 миллиарду 900 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.