Эҳтимоли истирдоди чанд шаҳрванди Тоҷикистон аз Туркия ба Русия

Туркия мумкин аст чанд гумонбари ҳамла ба "Крокус"-ро ба Русия супорад, ки ҳадди ақал се нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС бо такя ба яке аз вакилони дифои ҷабрдидагон гузориш додааст.

Ба қавли ин манбаъ, яке аз афроде, ки мумкин аст аз Туркия ба Русия истирдод шавад, Муҳаммадраҳим Файзов, бародари Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони асосии парвандаи "Крокус" аст.

ТАСС навиштааст, Муҳаммадраҳим Файзов қабл аз ҳамла ба толори консертӣ ба Русия омада, чанд муддат бо ду гумонбари асосии ин қазия Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин зистааст. Пайвандони ин шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла Муҳаммадсобир Файзов ба ҳамлаварони асосӣ будани онҳо шубҳа доранд.

Хабаргузории ТАСС навиштааст, Умедҷон Солиев, шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳам эҳтимол ба Русия супорида шавад. Ба қавли ин манбаъ, Солиев ҳамлаваронро бо силоҳ таъмин кардааст. Умедҷон Солиев ба қавли ин расонаи русӣ, дар Тоҷикистон бо иттиҳоми ғоратгарӣ таҳти пайгард аст.

Ҳамчунин Зубайдулло Исмоилов, зодаи дигари Тоҷикистон ҳам ба даст доштан дар ҳамла ба "Крокус" муттаҳам мешавад. ТАСС навиштааст, ки Исмоилов қаблан бо иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият дар Тоҷикистон зиндонӣ шуда буд.

Тасдиқии дурустии ин ҳарфҳо феълан мушкил аст.

ТАСС навиштааст, ки ҳамаи гумонбароне, ки ҳоло дар Туркия ҳастанд, то ҳамла ба "Крокус", хоки Русияро тарк карданд.

Ин расона ҳамчунин гузориш додааст, ки мақомоти Тоҷкистон ва Қирғизистон 9 нафарро дар пайванд ба ҳодисаи "Крокус" ҷустуҷӯ доранд.

Моҳи январи имсол додситонии Туркия алайҳи панҷ хориҷӣ, ки ба қавли муфаттишон бо тоҷикони гумонзад ба ҳамла ба толори "Крокус"-и Русия тамос доштаанд, айбнома эълон кард.

Ба Ҳофизҷон Усмонов, Мутеулло Асоев, Раҳматулло Солиҳов, Муҳаммадраҳим Файзов ва Ҳамза Муҳаммад то понздаҳ сол зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии Крокус дар канори Маскав дар рӯзи 22-уми марти соли 2024 149 нафар нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд. Дар умум мақомоти Русия 19 нафарро ба анҷоми ин ҳамла муттаҳам мекунанд ва аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" дар он замон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт, аммо мақомоти Русия гуфтаанд, ки муҳоҷирони тоҷик ҳамлаи террористиро бо амри Хадамоти махсуси Украина анҷом додаанд. Иддаое, ки ин кишвар рад кардааст.

Шеваи боздошту латӯкуби бераҳмонаи чор муҳоҷири тоҷик баъди ҳамла, сабаби хашми мардум шуд ва ин шубҳаву гумонро барангехт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба гардан гирифтаанд.