Эмомалӣ Раҳмон бо вазири хориҷии Эрон ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, ду тараф дар бораи ҳамкориҳо ва масоили минтақавӣ суҳбат кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30-уми июл бо Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дидору гуфтугӯ кардааст. Дафтари матбуоти президент хабар додааст, ки дар мулоқот, “масоили вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.”

Дар баёнияи расмӣ дар ин бора омадааст: “Алоқамандии ҳарду ҷониб ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ, илму фанноварӣ, тандурустӣ, гардишгарӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо таъкид гардид.”

Айни замон ба қавли дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ду тараф ҳамчунин “доир ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак “ гуфтугуи судманде доштаанд.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки мавзуҳои суҳбат ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалӣ аст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳам гуфт, ки зимни мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сайид Аббос Ароқчӣ "ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули назар намуданд."

Тоҷикистон моҳи июн ҳамлаҳои Исроил ва Амрико ба таъсисоти атомии Эронро маҳкум карда ва аз ҷумла гуфта буд, ки “шиддат гирифтани муноқиша метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад.”