Радиои Озодӣ ин дафъа аз сокинон дар Душанбе пурсид, ки чӣ чизе метавонад зиндагии онҳоро беҳтар кунад? Бархеҳо донишу ҷойи кор ва доштани хона, ва саломативу якдигарфаҳмиро зикр карданд. Аммо аксарият, пул, даромади хуб ва маоши баландро омили зиндагии хубу беҳтар барои хонаводаҳо донистанд.