Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигири навраси тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт


Маҳдӣ Баротов, варзишгари тоҷик.
Маҳдӣ Баротов, варзишгари тоҷик.

Маҳдӣ Баротов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола дар риштаи гуштии юнонию румӣ, ки рӯзҳои 28-29-уми июл дар шаҳри Афинаи Юнон доир гардид, медали биринҷӣ ба даст овард.

Маҳдӣ Баротов дар вазни то 55 кило дар даври аввал бар Георгий Чачуа аз Гурҷистон бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вай дар ҳаштякфинал намояндаи Туркия Усмон Оздемирро шикаст дода, ба чаҳорякфинал баромад.

Дар ин марҳила Баротов гуштигири Булғористон Антуи Тсветановро бо ҳисоби 8-0 мағлуб карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Аммо ӯ дар нимфинал аз рақиби қазоқаш Нуралӣ Аскар бо ҳисоби 2-4 ноком шуд.

Маҳдӣ Баротов дар рақобат барои ҷойи сеюм бар намояндаи Озарбойҷон Ниҳат Баҳманов бо ҳисоби 8-5 дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Медали дигари биринҷиро паҳлавони навраси эронӣ Амирризо Сайид ба даст овард.

Дар финали вазни то 55 кило Алхан Абдурасулов аз Қирғизистон бар Нуралӣ Аскар (Қазоқистон) бо ҳисоби 4-1 пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло даст ёфт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Амирҷон Обидов дар вазни то 60 кило дар даври аввал бар Аую Ҳао аз Чин бо ҳисоби 8-0 ғалаба карда, дар 1/8 финал аз Абулфазл Мошооллоҳ аз Эрон бо ҳисоби 0:5 ноком шуд.

Шоҳиҷаҳон Бобоев дар вазни то 65 кило дар даври аввал бар Месут Согут аз Туркия бо ҳисоби 9-2 ва дар даври дуюм бар Ютаро Омори аз Ҷопон бо ҳисоби 4-1 пирӯз шуда, ба чаҳорякфинал баромад. Вале ӯ дар ин давр аз қаҳрамони Аврупо Эрекле Тавберидзеи гурҷӣ бо ҳисоби 0-7 мағлуб шуда, бе медал монд.

Алишер Рӯзимадов дар вазни то 71 кило дар даври аввал бар Мардо Аермус (Эстония) бо ҳисоби 6-1 дастболо шуда, дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Винит Винит аз Ҳиндустон бо ҳисоби 3-1 ғолиб омад, аммо дар чаҳорякфинал аз Юсуф Аҳмадлии озарбойҷонӣ бо ҳисоби 5-9 мағлуб гашт.

Боз як гуштигири тоҷик - Муҳаммад Султонзода - дар вазни то 80 кило дар даври аввал аз Хайк Мехриян аз Арманистон бо ҳисоби 1-3 шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола, ки дар шаҳри Афинаи Юнон то рӯзи 3-юми август идома меёбад, Тоҷикистонро дар риштаи гуштии озод танҳо як нафар - Аюб Бозорзода – дар вазни то 71 кило муаррифӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG