Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиндустон рақиби Тоҷикистон дар "Ҷоми миллатҳои CAFA-2025" шуд


Дар мусобиқаи “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” («CAFA Nations Cup 2025»), ки аз 29-уми август то 8-уми сентябри имсол баргузор мешавад, тими миллии Ҳиндустон дастаи мунтахаби Малайзияро иваз кард. Малайзия қаблан аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашида буд.

Тими миллии Ҳиндустон дар дуюмин мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» тимҳои миллии Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Уммон дохиланд.

Бозиҳои гурӯҳи «А» дар шаҳри Тошканди Узбекистон ва гурӯҳи «В» дар шаҳри Ҳисори Тоҷикистон доир мегарданд.

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар гурӯҳи «В» 29-уми август бо тими миллии Ҳиндустон анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони тоҷик 1-уми сентябр бо тими миллии Афғонистон ва 4-уми сентябр бо тими миллии Эрон рақобат мекунанд.

Тибқи муқаррароти Ҷоми миллатҳои CAFA-2025 бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ баргузор мешаванд. Сипас ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд.

Бозии ниҳоии мусобиқа дар Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҳисор барпо мегарданд.

Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2025»:

Гурӯҳи «А»

Узбекистон (мизбони гурӯҳ)

Қирғизистон

Туркманистон

Уммон

Гурӯҳи «В»

Тоҷикистон (мизбони гурӯҳ)

Эрон

Афғонистон

Ҳиндустон

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

29-уми август (ҷумъа)

Тоҷикистон - Ҳиндустон

Эрон – Афғонистон

Даври 2-юм

1-уми сентябр (душанбе)

Афғонистон - Тоҷикистон

Ҳиндустон – Эрон

Даври 3-юм

4-уми сентябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон - Эрон

Афғонистон - Ҳиндустон

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «В» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG