Барои иштирок дар ин мусобиқаи қитъавӣ ҳудуди 500 варзишгар аз 21 кишвар номнавис шудаанд. Дар мусобиқаи серӯза гуштигирон (мардон ва занон) дар 16 вазн рақобат мекунанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ёздаҳ варзишгар дохиланд, ки дар се гурӯҳ – наврасон, ҷавонон ва бузургсолон – ҳунарнамоӣ хоҳанд кард:
Гурӯҳи наврасон:
Умарҷон Бобоалиев (-46 кг).
Гурӯҳи ҷавонон:
Ҳалимҷон Ҳалимов (-60 кг),
Муҳаммад Одинашоев (-65 кг).
Гурӯҳи бузургсолон:
Искандар Маҳмадхоҷазода (-60 кг),
Сарвар Абдушукуров (-66 кг),
Наврӯзи Каримзод (-73 кг),
Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-81 кг),
Ҳамроз Раҷабов (-90 кг),
Улуғбек Раҳимов (-100 кг),
Шарифҷон Назриев (-120 кг),
Шакармамад Мирмамадов (+120 кг).
Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии кураши Осиё байни бузургсолон, ки моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Теҳрон баргузор шуда буд, 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон танҳо мардон шомил буданд. Паҳлавони маъруфи тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дода, медали тилло гирифт.
Мирзоҷамил Рамазонов (-73 кг) бо медали нуқра, Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Умар Расулов (-90 кг) ва Фирдавс Насимов (-100 кг) бо нишонҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Кураш гуштии камарбандии суннатии мардуми туркзабон аст, ки дар Осиёи Марказӣ пайдо шудааст. Ин ҳунари муҳорибавӣ таърихи тӯлонӣ дорад, ки онро ба яке аз маъмултарин намудҳои варзиш дар минтақа табдил додааст.
Солҳои ахир ин намуди варзиш дар бисёр кишварҳои ҷаҳон низ рушд мекунад ва дар ҳамин ҳол ҳудуди 120 федератсияи миллӣ аз Осиё, Африқо, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, инчунин Уқёнус ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии кураш, ки роҳбараш Мансур Мирзоеви узбекистонӣ аст, пазируфта шудаанд.
Кураш, бахусус, дар Узбекистон мавқеи хоса дорад. Тибқи қарори президенти ин кишвар ҳукумати Узбекистон кӯшиш мекунад, ки кураш то соли 2028 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил гардад.
Кураш дар Тоҷикистон ҳам маъмул аст. Варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар қаҳрамонии ҷаҳон панҷ нишони тилло ба даст оварда, ҳамчунин шаш нафари дигар ҷоизадор гаштаанд.
Зимнан, ду паҳлавони тоҷик - Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров – дар риштаи кураш дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.
Гуфтугӯ